Пайкаре андар оғӯши маркабҳо


                                           Пайкаре андар оғӯши маркабҳо
                                                          (ҳикояи ҳаҷвӣ)


   Айёме, ки дар гардуни беканорӣ адаб ситораи Ахтари Гардун фурӯзон бигашт, ҳарифону дӯстон чунин шаъну шукӯҳро чашмдор набуданд. Рӯзномаву маҷаллаҳо радиову телевизион пайваста перомуни нобиғаи ҳазораи вопасин - Ахтари Гардун ҳарф мезаданд, намоишҳои рангинро омода месохтанд. Аз чомеъаҳои хукпарварон оғоз намуда то занҳои пивонӯш ӯро узви фахрии созмонҳои хеш мехонданд. Баҳри таърих бо ӯ аксҳо мегирифтанд.
   Таърихнигорон ҳар қадаму суханашро фавран ба дафтари фардо медароварданд, то насли оянда зи он баҳра барад. Ширкату корхонаҳои мухталиф симои мубораки эшонро аз консерва баҳри гурбаҳо, то ба халоҷо нақш карда,

моли худро бо арзиши даҳчанд ба савдо мезаданд. Фарзади ягонааш, гавҳари каломи бадеъ, шоҳасари - "Айёми гули кӯкнор бӯса майли ту дорад, эй нозанини маркабсавор"-ро гаштаю баргашта бо пешгуфтори тамокупарварону ҳамомлон, фарошону сартарошон, самбӯсапазу палавхӯрон, ки чопи пай дар пайи онро боисро аз ноширон талаб мекарданд, интишор мегашт. Аҳли кишвар онро китоби рӯйи мизии хеш хонда, зери сари фарзандон мегузоштанд, то онҳо низ чун ӯ марди соҳибмансабу соҳибфузуне ба воя бирасанд. Рӯзномаҳо доимо дархости ранҷбаронро бо ҳазорҳо имзо дарҷ мекарданд. Онҳо хоҳони он буданд, ки ба ҷойи ҳайкали Рӯдакӣ - пайкари Ахтари Гардунро бигузоранд.
   Сарварони кишвар дархости заҳматкашонро дуруст ҳисобида перомуни ин ақидаи муборак оҷилан фармоне бароварданд. Вале кишварҳои форсизабон ин нияти ҳумоюнро ба шаъни хеш таҳқир ҳисобида, нотаҳои эътирозӣ мефиристонданд. Бузургони мулк диданд, ки низоъи байналхалқӣ бархостанаш мункин, мақсади хайрро мавқуф бигузоштанд. Ин ҳасуду нотавонбинии ҳамсояҳо Ахтари Гардунро ғамгин намуд, фосилаи зиёде бистари гашта билохир қарори ғайричашмдоште қабул карда ҳамаро ба шигифт монд.
Устод бо маркази "эҳёи алломаҳо" шартномае бубастанд, ки то он касро ба хоби тӯлонӣ равон созанд. Пас аз сад сол бедор шуда ду - се рӯз саёҳат намуда шаъну шукӯҳу умри абадии хешро дида боз ба хоб мераванд. Аҳли кишвар ин паёми нохушро шунида фиғон бардошт. Намояндагони шалғампарварону қозбонон, қурбоқабозону балегӯйҳо, мӯйлабравғанкунандагону қутоссаворон, косалесону рӯдадарозҳо худро пеши пои шоири бузург мепартофтанд, то ӯ аз ин нияти гӯшношунид бигардад, адабиёту миллатро бесарпаноҳ нагузорад. Ранҷбарон диданд, ки илтиҷояшон ба шоири шоирҳо асар намекунад, назди садри мулк бирафтанд, то ӯ инсони бузургро зи ин роҳӣ иштибоҳангез баргардонад, вале гиряи ӯ ҳам ба дили шоир кора накард. Рӯзе, ки ӯро ба хоб равониданд, кишвар саросар мотам гирифт.

                                                      ***   ***   ***
   Пас аз сад сол қутти яхинро аз қаъри замин берун оварда устод Ахтари Гардунро бедор намуданд. Пзишкон пас аз муоина устодро ба кӯча бавроварданд. Аҷоиб ки издиҳоми бо гулу гулдаста пешвозгиранда набуд. Аз хаёл гузаронид ё рӯзи бедор шуданашро нодуруст ба омма шарҳ додаанд, ё ҳасудхӯрон корро расво намуданд. Тадриҷан ба роҳпаймоӣ одат намуда саёҳатро идома дод. Нахуст ба лавҳаи кӯчаҳо таваҷҷуҳ кард: Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Хаём... Аҷоиб, номи ӯ куҷост? Аз пеш мағозаи боҳашамати китоб баромад, вале дар он ҷо китоби хешро наёфта мушавваш гашта аз мушовир пурсон шуд. Ӯ гуфт, ки чунин муаллифро бори нахуст мешунавад, беҳтараш ба компютер муроҷиат намоед, шояд ӯ чизеро донад. Дар дисплей навиштаҷоти "Ба энсиклопедияи косалесон нигаред" пайдо шуд. Қомусро дархост намуд. Духтари малеҳе фавран китоби азимеро бо аробача овард. Билохир номи хешро дарёфт. "Ахтари Гардун, шоири дарборӣ аз қарни гузашта. Дар айёми ҳукумрони сулолаи худобехабарҳо зиндагӣ намудааст. Яке аз тарафдорони назарияи омезиши миллатҳост. Аз он мефахрид, ки дар баданаш хуни ҳабашу чукча, қазоқу турк, корсеу бурят, латишу беларус, узбаку тоҷик ҷорист. Яке аз асосгузорони маҳалгароист ва тавассути ангезиши ин ҳиссёт, соҳиби мансабу мавқеъ гашт. Китобе бо номи "Айёми гули кӯкнор бӯса майли ту дорад, эй нозанини маркабсавор"-ро нашрияҳо 3999 маротиба нашр сохтанд. Китоби мазкурро ба гирифтани ҷоизаи Нобел пешниҳод намуданд ва кумитаи ҷоиза инро ба шаъни хеш таҳқир ҳисобида шоирро ба суди байналхалқии Гаага дод..."
   Аз хондани ин сатрҳои ногувор дилтанг гашт, бори нахуст перомуни хеш чунин суханҳои вазинро мехонд. Ҳайратовараш он буд, ки қариб ҳаммаи он адибоне, ки дар он замон маъруф мехонданд, ҳоло бо ӯ дар як саф ҷой додаанд. Китобро бо ситеза пӯшида аз ҷояш бархост. Дар чорроҳа бозистод, ҳайрон буд, ки ба кадом самт биравад. Билохир роҳи ба ҷануб барандаро итихоб намуд. Ба хотираш расид, ки он ҷо бояд ҳайкалашро мегузоштанд.
Одамон ӯро намешинохтанд, ба сӯяш наменигаристанд, салом намедоданд, аз ӯ дастхат намепурсиданд...
   Нохост нигоҳаш ба овезаи кӯча биафтод, бовариаш наомад. Дар он номи шоире, ки дар айёмаш аз ҳама ҷо хат зада душмани сохтор эълон намуда буданд, нигошта шудааст. Худоё! Ин чӣ беадолатист? Баҳраи чӣ ту онеро, ки аз ҳама дарҳо меронданд имрӯз маҳбуби даврон гардонидаӣ? Китоби ман ки тамоми оламро бигирифт имрӯз номашро касе намедонаду ба забон гирифтан намехоҳад. Шахсе ақаллан намепурсад, ки нобиғаи нобиғаҳо - Ахтари Гардун куҷост? Нафаҳмида монд, ки чӣ тур ба канори шаҳр расид. Ба машомаш бӯйи ғализ расид, зеро атроф партобгоҳи шаҳрӣ буд. Нигоҳаш ба пайкаре афтод, ки дар атрофаш маркабҳо халқа зада дам мегирифтанд. Ба ҳайкал наздик шуда бовариаш наомад, дар он ному насабаш меистод. Аммо баъзе ҳарфҳо афтода навиштаҷоти ".х.ари Гардун"-ро ташкил медоданд. Гӯшу биниашро шикаста бо ранги сиёҳ "Маркаби дарбор, туро савор шавад ҳар нобакор" навиштанд. Дилашро қапида дар ҷояш нишаста монд...
   Фардо радиову телевизион хабар доданд, ки аз партобгоҳ ҷасади беному насаберо ёфтаанд.

                              Ҳабиб Саид, соли 1991, ш. Душанбе


Комментариев нет:

Отправить комментарий