Ҷаҳиш


   
                                                              Ҷаҳиш
                                                     (Ҳикояи ҳаҷвӣ)


   Завҷааш фарзанди хурдишро хобонду аз паси шустушӯ гардид. Кунун шароити баҳри кори эҷодӣ мувофиқе муҳаё гашт. Чатрро гирифта ба кӯча баромад, то каллашро аз фикру зикри ҳаёти рӯзмара, андешаҳои беохири зиндагӣ каме бошад ҳам, озод созад.
   Борони майдае мерехт. Дар куҷое хонда буд, ки ҳангоми борон илҳом ба ҷушу хурӯш меомадааст. Ва нозимону носирон дар чунин боду ҳаво қадам заданро меписандиданд. Шояд ин бегоҳи боронӣ он рӯзе гардад, ки дар саҳифаҳои таърихи адабиёт бо ҳар ҷузи майду ҷуйдааш сабт ёбаду аҳли тамаддун онро чун рӯзи  муқаддас пос доранд.

   Бо ҷеҳраи мулихулиёнаву ифодаи мамнуят дар чашмон хиёбонро давр зада баромад. Қасдан барин ягон шиносеро дучор нагашт, то вохӯрии пеш аз ҷаҳиши барқосоро барои наслҳои оянда дар хотир сабт бисозад ва онон бидонанд, ки он рӯзи нек чӣ рӯзе буд...
   Чароғи болои мизро даргиронида, қаламу хомаҳои рангорангу дастаи қоғазро наздаш гузошт ва лаҳзае андешида монд, гӯё мавзӯъи менавиштагиашро дар торикиҳои ҳазорхонаҳои фикру андешаҳо меҷуст. Бо эҳтиёткории заргаронае бо ҳарфҳои калону хоно “Пашша” ҳикояи илмӣ - фантастикӣ”, андар кунҷи болоии варақ бошад бо ранги сурхи баланд “Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзӣ” нигошта даме бо шавқу ҳавас ба навиштааш нигариста монд. Симояш фавран дар хеш шаъну шукӯҳи пирӯзмандии ояндаро таҷассум бинмуд. Он ҷаҳише, ки ӯ солиён орзуи амалӣ намуданашро дошт, оғоз меёбад. Дигар ягон монеъае ӯро нигоҳ дошта наметавонад. Кунун ӯ он Норқӯзичае нест, ки аз субҳ то шом дар паси мизи корӣ нишаста вому маоши коргаронро ҳисоб карда ва боз ба болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин ҳар дақиқа аз сарҳисобчиашон гапҳои намакин мешунавад. Балки Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзӣ аввалин ҳисобчиест, ки дар таърихи инсоният ба навиштани ҳикояи илмӣ - фантастикӣ даст задааст. Насиб бошад дар адабиёт қуллаи пойнарасидаеро фатҳ хоҳад намуд. Куҷост он маҳмадонои шоиртарош, ки дар баҳсе ба рӯяш кашида гуфта буд, ки гӯё ҳисобчиҳо ба ҷойи майна рақаму ба ҷойи дил чӯтро бардошта мегарданд, то бинад ки ҳисобчии одӣ ба чӣ қодир будааст? Бояд ӯ ба онҳое ки ба саломаш дуруст алек намегиранду бовиқорона “Ҳа Қӯзибой, ин шумо мӣ?” гуфта базур нӯги дасташонро дароз менамоянд, нишон диҳад, ки ӯ кисту чӣ арзише дорад. Бале, вақти он расидааст, ки бояд нақшҳоро иваз намуд.
   Занаш ноаён ба гӯшаи миз чойники чою тақсимчаи мавизро гузошта бесадо баромада рафт. Ба пиёла чой рехт. Пойҳояшро рӯи ҳам гузошта сарашро ба пӯшти курсӣ такя дода ғарқи фикр шуд. Мурғи илҳом ба дигар самт бол задагӣ барин дар майнаш чизе пайдо намешуд. Худаш ҳам намедонист, ки барои чӣ номи ҳикояро якбора “Пашша” гузошт. Баъзан  дар каллаш ҷумлаҳои пароканда пайдо мешудану вале ба нӯги хома намефаромаданд. Сабил монад ба ӯ чӣ шуд? Бемор ку нест? Наход як ҳикоячаро навиштан ҳамин қадар душвор бошад? Охир дар мактаб ҳамеша аз иншо баҳои хуб мегириф ку? Ба духтарҳо чӣ номаҳои олиҷаноб наменавишт, ҳатто баъзеашон ба риққат омада мегиристанд. Ё сину сол ба маркази илҳом таъсир расонидааст мӣ? Хомаро болои варақ гузошта бори дигар сарлавҳаро аз назар гузаронд. Китобҳои дар рафи ҷевон хобида, фикру хаёлоташро чун оҳанрабо ба самташ кашиданд...
   Пеши назараш издиҳоми азими одамӣ пайдо шуд. Барои афтиши сӯзан ҳатто ҷой набуд. Онҳо барои харидани ҳикояи “Пашша”, ки дар шакли китобчаи алоҳида ба нашр расида буд, навбат меистоданд. Аз ҳамдигар пурсуҷӯй мекарданд, ки Норқузӣ Муҳаммадрӯзиаш кӣ бошад? Дар троллейбусу автобусҳо, кӯчаю хиёбонҳо, театру қаҳвахонаҳо аксҳои ӯ пайдо шуданд, ки дасташро зери манаҳаш такя дода ба уқёнуси  фикр ғӯта задааст. Дар ҳама ҷо муаллифро меҷустанд. Донишҷуёну толибилмон, коргарону зиёиён, омӯзишу корашонро ба як сӯй гузошта аз паси ба даст овардани китоби Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзӣ буданд. Нашриётҳо талаботи хонандагонро қонеъ карда наметавонистанд. Директорҳо барои ин аз курсиашон маҳрум мегаштанд. Қоғаз намерасид. Матбааҳо шабу рӯз кор мекарданд. Рӯзномаҳо, маҷаллҳо аз муаллиф ҳикояҳои нав талаб менамуданд. Киностудияву театрҳо барои бо ӯ ҳамкорӣ намудан, шартномаҳо пешниҳод мекарданд. Дар корхонаю муассисаҳо, мактабу донишкадаҳо вохӯриҳо баргузор мегардиданд. Тӯйдорону соҳибҷашнҳо ба ҷону ҳолаш намонда ӯро ба базму тӯйҳо кашола мекарданду гули сари сабади тӯю ҷашнҳо мехонданд. Дар кӯчаҳо аз дасти рӯзноманигорону хонандагони кунҷкоб роҳи гурез набуд. Аз ҳама бештар занҳо хафноктар буданд. Онҳо монанди селаи пашшаҳо дарафтода ӯро иҳота мекарданд. “Зан доред мӣ?”, “Ба чанд даромадед?”, “Бо кадом хамира дандонҳоятонро мешуед?”, “Занҳои фарбеҳро меписандед мӣ?”... пурсида безораш менамуданд. Агар милитсияҳо намешуданд, чизи табаррукӣ гуфта ҳатто эзорчаашро кашида грифтанашон  мункин буд.
Ҷамиятҳои бонуфузи адабии хориҷӣ ӯро аъзои фахрии худ мехонданд. Пайи ҳам аз адибону санъаткорони маъруф, симоҳои барҷастаи сиёсат, варзишгарони номӣ, ситораҳои кино даъватномаҳо меомаданд, ӯро ба меҳмонию ҷашнҳо таклиф менамуданд. Артур Кларк гаштаю баргашта ӯро ба ранҷои дар Шири Ланка будааш, ба меҳмони даъват мекард.
Аҳли адабиёти наву қаламу қоғаз ба даст гирифтагон ба ӯ “устод”, “домулло”,”мавлоно” гуфта муроҷиат менамуданд, маслиҳатҳо мепурсиданд, хоҳиш менамуданд, ки ба китобашон пешгуфтор нависанд.
Мунаққидон ҳикояҳояшро дар қатори беҳтарин асарҳои фантастикӣ аср мегузоштанд. Барои ба ҷоизаи Нобел лоиқ буданаш дар рӯзномаву маҷаллаҳо пешниҳодҳо пайдо шуданд.
   Пеш аз сафари ба хориҷа ӯро ба зиёфати ба шарафи ӯ оросташуда ба идора даъват намуданд. Занҳое, ки пештар дар бораи вуҷуд доштанаш тасаввуроте надоштанд, ҳоло нигаҳи мафтункунандаашонро аз ӯ канда наметавонистанд. Зиёфатро директарашон Ҷӯрақул Турақулович кушод:
- Дӯстони азиз, меҳмонони мӯҳтарам! Имрӯз барои идораи назарногири мо иди бошукӯҳест! Чӣ тавре ки шумо хабар доред, собиқ ҳисобчии мо Норқӯзӣ Мухаммадрӯзиевич азиз, ҳикояи асрро таълиф намуданд. Кӣ бовар мекард, ки ҳисобчии одӣ бо ҳикоя нахустинаш дар сафи симоҳои барҷастаи адабиёти фантастикӣ Жюл Верн, Герберт Уэлс, Артур Кларк, Станислав Лем, Айзек Азимов ҷой мегирад? Адабиётшиносон ин чаҳишро мӯъҷизаи аср меномиданд. Ногаҳон пайдо шуда ва ба қуллаҳои осмонбӯси шаъну шӯҳрат баромадани Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзаевичи арҷманд аксариятро то ҳол ба худ намеовард. Рӯзноманигоре дар мақолааш дуруст гуфтааст, ки нияти навишти ҳикояи мазкур дар сари муаллиф ҳанӯз ҳангоми дар гаҳвора буданашон пайдо шудааст ва ин нияти некро Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзаевичи мӯҳтарам дар сини  ҷилупанҷсолагиашон ба сомон расониданд. Сарҳисобчиамон Фармонқул Остонақулович аз он ранҷидаанд, ки бародари азизамон Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзиевичи азиз образи қаҳрамони манфӣ “Тортанак”- ро аз симои он кас кашидаанд. Фармонқул Остонақулович дар вақташ шумо ба нависандаи бузург имконият намедодед, ки кори эҷодиашро пеш барад. Бо ҳар хел ҳисобу китобҳои болохонадору дилгиркунанда сарашонро пур карда, илҳомро аз он дур месохтед. Шумо бояд аз тақдир минатдор бошед, ки бо чунин шахси табаррук дар як ҳуҷра кор карда ва аз як чойник чой менӯшидед. Дар оянда ин чойники муқаддас ба музейи навташкилшудаистодаи нависандаи маъруф ҳамчун экспонати нодиртарин пазируфта хоҳад шуд. Ҳамин чойник буд ки бо як пиёла чойяш акаи Норқӯзи Муҳаммадрӯзиевичи мӯҳтарами моро дар хастагиву рӯҳафтодагӣ дастгирӣ менамуду дар ғаму андӯҳ, хурсандиву шодӣ ҳолдонашон буд. Гарчанде ки Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзиевичи азиз маро бо лақаби “Шалғамкаду 367Б” ба қатори қаҳрамонони манфӣ даровардаанд, ман асло аз он кас хафа нестам, балки ҳазорҳо борҳо минатдорам, ки номи камина ҳам бо шарофати акаи Норқӯзи Мухаммадрӯзиевичи ба дилу ҷон баробар, дар саҳифаи таърих медарояд. Чӣ хеле рӯзномаҳо хабар доданд, фермери австрялагие, ки ҳикояи Норқӯзи Мухаммадрӯзиевичи азизамонро хонда, чунон мафтун гаштааст, ки ба яке аз модахугҳои беҳтаринаш, ки дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ борҳо ба гирифтани ҷойҳои ҷоизавӣ мушарраф гардидааст, номи Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзиевичи мӯҳтарамро додааст. Мо ҳам ният дорем ки дар оянда  даромадгоҳи идораамонро бо лавҳаҳои “Саридораи дӯконҳои кӯҳнадӯзии ба номи Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзӣ”, “Дар ин ҷо фаъолияти меҳнатию эҷодиашро нависандаи маъруф Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзӣ сар кардааст” оро диҳад. Чӣ лавҳаҳои диққатҷалбкунандае намебаромаданд? Тасаввур намоед, ки дар назди дӯконҳои мо чӣ навбатҳои дурударозе барпо намегарданд? Табиат бовар карда ба ихтёри мо ду қувваи пешбарандаи инсонро во гузоштааст. Кормандонамон пойафзолашонро таъмир менамоянду Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзиевичи азизамон бошанд бо ғизои маънавӣ сарашонро таъмин месозанд. Кормандони мо худро хушбахт меҳисобанд, ки як вақто бо Норқӯзи Муҳаммадрӯзиевичи мӯҳтарам барин фарди табаррук дар як муассиса кор карданду аз як ҳаво нафас кашиданд...
Пас аз ин суханҳо базм авҷ гирифту мушакпарронӣ оғоз шуд. Занҳо барои ӯро ба рақс даъват намудан байни ҳамдигар ҷанҷол бардоштанд. Котибаи директор Зуля(Зулфия) пешдасти карда ӯро ба рақс кашид. Ӯ ки пештар саломашро алек намегирифт, ҳоло чашмони дурахшону хумориашро аз симои ӯ канда наметавонист:
- Норқӯзӣ Муҳаммадрӯзиевичи азиз! Чӣ хел шумо даҳо будаеду ман надониста мондаам, набошад ба осонӣ аз дасти ман халос намехӯрдед. Маъшуқаи шумо барин одами машҳур будан чӣ саодатманист. Ҳангоми аз зери кашатон гирифта дар кӯча қадам задан ҳама ба ҳавасу ҳасуд ба ту менигаранд. Оҳ, ин чӣ зарбаи нишонрасе мебуд барои дугонаҳоям, аз аламу нотавонбинӣ даруннокӣ сӯхта тамом мешуданд. Ман бошам, нигоҳамро аз чашмони зебои шумо канда наметавонистам. Чӣ тавр мехостам, ки шумо барин чашмони олус дошта бошам. Ҳоло чашмони олус дар муданд. Чӣ хел дастони нарму дилкаш, агар ин дастон маро умрибод ба оғӯш мегирифтанд...
Ҳарорати гарми дастони ба гарданаш ҳалқа шуда ӯро аз хоби ширин бедор кард. Чашмонашро, ки ифодаи хурсандию мамнуниятро дошт, во намуда дар наздаш занашро дида лаҳзае ҳайрон ба ӯ нигариста монд.
  Дадаҷонаш, хезед!Хоб ҳам бас будагиста сатилҳои поруро ба берун мебаровардед, зурам нарасида истодааст...

                          Ҳабиб Саид, соли 1982, шаҳри Душанбе

Комментариев нет:

Отправить комментарий